«ПОМИРИНВЕСТ – 2023». Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 август дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023» баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форуми «Помиринвест» доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок менамоянд.
Ҳадафи форуми «Помиринвест-2023» мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, амалӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Бадахшон, истифодаи самараноки имконият ва сарватҳои табиии Бадахшон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






