САНОАТИКУНОНӢ-ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Восеъ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Восеъ ба маблағи 66 миллиону 115,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 488,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111,9 фоизи нақшаро ташкил дод. Дар ин хусус мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Аминҷони Амирхон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бо мақсади шиносоии бештар аз ҶСК «Хоҷамуъмин» дар ҳамбастагӣ бо Корхонаи истеҳсоли моеи зарфшӯӣ, Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ — шифер ва коргоҳи хурди омодакунии мизу курсиҳои оҳанин дидан намудем.
Сароғоз бо вазъи фаъолияти Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Хоҷамуъмин» шинос шудем. Маълум гардид, ки ҶСК «Хоҷамуъмин» дар ҳамбастагӣ бо Корхонаи истеҳсоли моеи зарфшӯӣ ягона корхонаи соноатии фаъоли ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, моҳи сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст.
Роҳбари коргоҳи хокаи ҷомашӯӣ ҶСК «Хоҷамуъмин» Муҳсинҷон Файзов дар суҳбат изҳор дошт, ки корхона аз ду коргоҳи васеъ иборат буда, дар он истеҳсоли маҳсулоти хокаи ҷомашӯӣ ва намаки йодкардашудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шудааст. Инчунин гуфта шуд, ки дар коргоҳи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ бо номи «SOFIYA» аз рӯи 15 номгӯй маҳсулоти ҷомашӯӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона дар тамоми нуқтаҳои савдо ва бозору марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидори худро дошта, бо соҳибкорону тоҷирон шартномаи тарафайн доранд. Дар айни замон дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, бештари кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар баробари мизоҷони дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот мегардад.
Коргоҳи хурди истеҳсоли мизу курсии оҳанин дар маркази ноҳияи Восеъ буда, соли 2021 таъсис ёфтааст. Дар он 6 нафар ҷавонони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Мизу курсиҳое, ки дар ин коргоҳи хурд омода мешаванд, дар вилояту ҷумҳурӣ назир надоранд.
Тибқи маълумоти дастрасгардида, аз шумораи 40 корхонаи саноатии ноҳия дар ин давра 10 корхона- ҶДММ «Алишер АСК», ҶДММ «Аминҷон — 2012», ҶДММ «Бозори Ҳулбук», ҶДММ «Маҳмадрасул», ҶДММ «Саричашма ЭМТ», ҶДММ «Сунатуллои Шуҳрат», ҶДММ «Чорёр — 91», ҶДММ «Яхсу — 2015», ҶСК «Обсохтмон» ва ҶСП «Сафари Қурбон» бинобар сабаби мавсимӣ буданашон фаъолият нанамудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда






