Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро ифтитоҳ намуданд

Август 16, 2023 13:10

ДУШАНБЕ,  16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 156 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд шудааст.

Дар Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа 14 нафар фаъолият мекунанд. Кормандон аз беҳтар шудани шароити корӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Давоми 5 соли охир аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бинои маъмурии зерсохтори Кумита дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон пурра таъмиру навсозӣ гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат шароити кории кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон низ беҳтар гардидааст.

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз низ бинои нави маъмурии ин Кумита сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бино шинос шуда, аз бунёди иншооти маъмурӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъаро ба фаъолияти хубу босамар ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа 16.08.2023

Август 16, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид