Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд

Август 17, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ, ки аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помир-энергосервис” Абдулатиф Амонуллоев бунёд гардидааст, дар сохтмони хатҳои интиқоли баландшиддати неруи барқ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти назаррас дорад.

Дар Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ 30 нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ таъмин шуданд.

Дар корхона мутахассисони кафшергар ва муҳандисони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд, ки дилхоҳ фармоиши мизоҷонро метавонанд дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо сифати баланд омода созанд.

Дар корхонаи “Помир-энергосервис” 65 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кор таъмин мебошанд.

Корхона дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхона чор таҷҳизоти калонҳаҷми худкор ва шаш дастгоҳи хурди истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.

Дар Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ истеҳсоли куттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбоби рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшанидиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯй таҷҳизоти зарурӣ, ки аз тахтаҳои оҳанин фармоиш дода мешавад, истеҳсол мегардад.

Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди сатҳи байналмилалии “Хоруғ-Мурғоб-Қулма” қомат афрохтааст, ки яке аз иншооти саноатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар заминаи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 бунёди 92 корхона дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шуда, танҳо соли равон 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ соли 2022-юм 11 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Ҳукумати мамлакат сохтмону барқарорсозии 22 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 10 корхонаи нави саноатӣ дар маркази вилоят бунёд шудааст.
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар шаҳри Хоруғ 17.08.2023

Август 17, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд