Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама, хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.»,- Эмомалӣ Раҳмон, 10 марти соли 2012.
«Сарпарасти маънавӣ»
Нашрияи «Ҷумҳурият» аз 31 июли соли равон оид ба музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин, Туркманистон Р.Мередов ва Узбекистон Б.Саидов, имзо шудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Арманистон, оғоз шудани сохтмони калонтарин пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, инчунин аз натиҷаи нишастҳои матбуотии Агентии хизмати давлатӣ, Саридораи геология, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабарҳои муфассал нашр кардааст. Таҳти рубрикаи «Дар партави паём» мақолаи Ш.Қурбон бо сарлавҳаи «Саноатикунонии босуръат — асоси пешрафти инноватсионии иқтисодиёт» нашр шуда, дар саҳифаҳои дохилии шумораи нашрия дастовардҳои ноҳияи Рашт дар бахши саноат ва сохтмон, маориф, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, иҷрои буҷет бо рақамҳо нишон дода шудааст. Зери рубрикаи «Ба озмуни «Дуои Модар» мақолаҳои «Фазилат», «Модарам шабеҳи субҳ буд», «Хушгӯиҳои модари 113-сола» ва шеърҳои Абдусаттори Раҳмон пешкаши хонандагон шудаанд.
Дар замоне, ки мо зиндагӣ дорем, қариб ҳар рӯз ба камбудиву норасоиҳои иҷтимоӣ, ки ислоҳи он аз худи мо вобастагӣ дорад, рӯ ба рӯ мешавем, вале мутаассифона, дар бештар ҳолатҳо ба ин камбудиҳову норасоиҳои иҷтимоӣ бархурди беғайратона нишон медиҳем, балки аз он камбудиҳо чашм мепӯшем… Ҳамин гуна камбудиҳоро нависандагон дар шакли памфлет нишон дода, кӯшиш мекунанд, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро барои ислоҳи он камбудиҳои иҷтимоӣ равона кунанд. Вобаста ба ин мавзуъ тақризи Ш.Раҷабзод ба маҷмуаи памфлетҳои Қ.Шарифӣ «Занкалон» дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 1 августи соли 2023 чоп шудааст. Дар мақола омадааст: «Памфлет аз жанрҳое маҳсуб мешавад, ки замон мавқеи онро танг карда ва қариб ба ёди фаромӯшӣ супурдааст. Муаллиф бо ин китоби нави худ боз мехоҳад бигӯяд, ки памфлет, агарчи барои таърих умри дароз надорад, бояд намирад, умри дароз бинад, густариш биёбад. Маҷмуа аз навиштаҳои «Хиёнат», «Реаниматсия», «Занкалон», «Танзим, таассуб ва марг», «Рахнаи ёдҳои ашковар», «Мактаби журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад», «Муҳоҷират ва тафаккури миллӣ» иборат буда, дар ин матолиб паҳлуҳои гуногуни мушкилоту мураккабиҳои ҳаёти аҳли ҷомеа тасвир ва азобу саргардониҳои одамон, ки омилони ин ташвишу изтиробҳои руҳии эшон мақомдорону масъулони ину он ниҳод мебошанд, зери интиқоди шадид қарор дода шудаанд». Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин хабарҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва идораҳои Ҳукумати мамлакат оид ба натиҷаи фаъолияти онҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон чоп шуда, муваффаққияти ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминобод дар шакли мақолаи алоҳида пешкаши хонандагони нашрия шудаанд.
Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 2 августи соли равон бо сарлавҳаи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — сарпарасти маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» оид ба маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизб, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизб А.Азизӣ ва бо иштироки аъзои КИМ ҲХДТ, фраксия дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолони ҳизбӣ 31 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сармақола нашр кардааст. Дар сармақола, аз ҷумла омадааст: «…бо ташаббус ва сарпарастии ҲХДТ барои тарғиби аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кохи нури Тоҷикистон – НБО «Роғун» чорабиниҳои гуногун амалӣ гардида, тавассути роҳхати ҳизбӣ 418 нафар барои кори доимӣ ба ин иншооти бузурги энергетикӣ ҷалб гардиданд».
Зимнан, бояд таъкид кард, ки барои ба анҷом расонидани сохтмони НБО «Роғун» дар баробари маблағу сармоя, масолеҳи сохтмонӣ ва неруи корӣ ҳамчунин дастгирӣ ва сарпарастии маънавӣ низ заруру ҳатмӣ мебошад. Тавре ки директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода изҳор доштааст, бунёди иншооти бузурги аср на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ дорад, балки ба ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯсти мамлакат руҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони мамлакат боз ҳам қавитар мегардонад. Дар ин маврид сарпарасти маънавии сохтмон будани ҲХДТ беасос нест. Зеро маҳз бо ташаббус, дастгирӣ, роҳнамоӣ ва иштироки бевоситаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаҳои нахустини НБО «Роғун» ба кор даромада, аввалин шиддатҳои неруи барқи обӣ аз дарёи Роғун барои истифода ба хоҷагии халқи мамлакат интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин шумора ҳамчунин мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стомотология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» М.Қосимов таҳти сарлавҳаи «Стоматология: аз пажӯҳиш то табобат» нашр шудааст, ки муҳтавои он писанди хонандагон мешавад.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 2 августи соли 2023 номаи тасаллияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён нисбат ба даргузашти бародари Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён ва дар робита ба фавт ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар натиҷаи амали террористӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон номаи тасаллияти Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон нашр намудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ намудани вуруди воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.
Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2015 вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд ва нишастҳои матбуотии навбатӣ 26 июл оғоз ёфта, то 15 августи соли 2023 идома хоҳанд ёфт.
Дар робита ба ин нашрияи «Народная газета» дар шумораи навбатӣ оид ба нишастҳои матбуотии якчанд вазорату идораҳо хабарҳои муфассал нашр намудааст. Ҳамчунин дар саҳифаи аввали нашрия мақолаҳои таҳлилии фарогири мавзуъҳои муҳими рӯз бо сарлавҳаҳои «Баҳри Аралро танҳо дар якҷоягӣ метавон наҷот дод» ва «Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ — назорат ва банақшагирии интиқоли пулӣ» пешкаши хонандагон шудаанд. Муаллифи мақолаи «Баҳри Аралро танҳо дар якҷоягӣ метавон наҷот дод» навиштааст, ки хушкшавии босуръати баҳри Арал фалокати экологии танҳо Осиё нест, зеро аз кайҳон метавон дид, ки хушкшавии баҳри Арал ҳам ба Русия ва ҳам ба дигар кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ дорад… Дар мақолаи «Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» оид ба нишондиҳандаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, роҳҳои пардохти музди меҳнат, васеъ намудани намудҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар паҳлуҳои ин навъи муомилот маълумоти ҷолиб оварда шудаанд, ки хондани онҳо аз манфиат берун нест.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар баробари нашри хабарҳо аз нишастҳои матбуотӣ оид ба дуввумин бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 3-15 август дар пойтахти Беларус- шаҳри Минск баргузор мегардад, мақола чоп намуда, савол гузоштааст, ки варзишгарони тоҷик дар ҳайати 132 нафар дар ин Бозиҳо чӣ гуна муваффақият ба даст меоранд? Ҷавоби саволро баъд аз анҷоми Бозиҳои кишварҳои ИДМ метавонем бигирем. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои «Пардохти ғайринақдӣ, аз марҳилаи гузариш то сабукиҳо ба нафақагирон», «Норасоии ғизо», «Чаро рақси мардонаи мо намоди танумандӣ нест?», «Ташаббусҳои беназир»-ро пешниҳоди хонандагон намудааст.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»