Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи аз хати роҳи оҳан баромадани қатора дар ҷанубу шарқи Покистон ба 30 нафар расид

Август 7, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи аз хати роҳи оҳан баромадани қатора дар ҷанубу шарқи Покистон 30 нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии Geo News хабар додааст.

Мувофиқи иттилои шабака, на кам аз 80 нафари дигар захмӣ гардидаанд.

Қаблан шабака дар бораи 15 нафар ҳалокшудагон ва 50 нафар маҷруҳон маълумот дода буд.

Дар вилояти Синди Покистон, дар наздикии шаҳри Навобшоҳ, дар километри 275-ум дуртар аз Карочӣ 10 вагони қатора аз хати роҳи оҳан баромаданд. Дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон  ва низомиён қарор доранд. Дар муассисаҳои тиббии минтақа вазъияти фавкулода эълон шуда, ҳаракати қатораҳо дар ин роҳ манъ гардидааст.

Сабабҳои аз хати роҳи оҳан  баромадани қатора ҳанӯз маълум нестанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 7, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид