Сокинони минтақаи НБО «Роғун» ва мардуми шаҳраки Дарбанд кай бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд?

Август 1, 2023 09:00

НУРОБОД, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нарасидани оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Нуробод мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро он солҳои зиёд аст, ки се ҳазор нафар сокинони муқимии шаҳраки Дарбанд ва зиёда аз 500 хонаводаи минтақаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро азият медиҳад. Масъулини ноҳия даҳҳо маротиба амалишавии лоиҳаҳои хати оби нӯшокии мавзеи Шолидара дар масофаи зиёда аз 8 км ва барқароршавии хати оби нӯшокии Сари Қошро ваъда медиҳанду мутаассифона, он татбиқ намегардад, то мушкилии ҷиддии мардум бартараф гардад, маркази шаҳраки Дарбанд сабзазор шаваду дарахтон  сабз шаванд. 

Хати оби нӯшокии мавзеи Шолидара мувофиқи татбиқи лоиҳа бояд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешуд, вале то имрӯз корҳои сохтмонии он ба анҷом нарасидаанд. Соли 2014 хати оби нӯшокии Сари Қош, ки 12-13 километр масофа дорад, бо харҷи як миллиону 50 ҳазор сомонӣ таъмири пурра шуд. Ҳарчанд ки зиёда аз ду соли охир корҳои барқарорсозии он идома доранд, вале аз сабаби солҳои тӯлонӣ истифода накардану корношоям гардидани таҷҳизот он то имрӯз фаъол нагардидааст.

Раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд вобаста ба ин мушкилӣ иброз дошт, ки «дар мавзеъҳои гуногуни шаҳраки Дарбанд бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ чоҳҳои амудӣ канда, ба истифода дода шудаанд. Ин чоҳҳо қисматҳои алоҳидаи марказро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоянд. Ҳамчунин ҷиҳати барқарор намудани хати оби нӯшокии Сари Қош, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд, мо кӯшиш намуда, насосҳои обкаши онро таъмири пурра намудем. Вале дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ истифода набурдани ин хати оби нӯшокӣ зиёда аз 300 метр қубури он пурра хароб гардидааст. Хушбахтона, манбаъҳои маблағгузорӣ барои хариди ин қубурҳоро пайдо намудем ва бо маблағи 45 ҳазор доллари амрикоӣ 300 метр қубурро ба ноҳия овардем ва ҳоло корҳои васл намудани он идома доранд.  Мо кӯшиш намуда истодаем, ки ин хати оби нӯшокӣ ҳарчӣ зудтар барқарор шавад, то мушкилоти мардум сари вақт бартараф гарданд».

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз бойгонӣ

 

Август 1, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд