Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад

Август 20, 2023 09:58

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки соли 2023 метавонад яке аз солҳои мудҳиш бо  шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона бошад, иттилоъ дода шудааст дар сомонаи Маркази иттилоотии СММ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз аввали сол дар минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳ 62 корманди башардӯст фавтида, 84 нафар захмӣ ва 34 нафар рабуда шуданд.

Соли гузашта шумораи кормандони башардӯсти фавтида ба 116 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки минтақаи хатарноктарини ҷаҳон барои кормандони созмонҳои башардӯстона Судони Ҷанубӣ боқӣ хоҳад монд.  То 16 август дар бораи 40 ҳамла ба кормандони башардӯстона маълумот пайдо шуда, дар натиҷа 22 корманд  ба ҳалокат расидааст. Ҷои дуюмро Судон ишғол менамояд. Дар он ҷо аз аввали соли 2023 17 ҳамла ба кормандони башардӯст сабт шуда, 19 нафар ҳалок шудааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 20, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд
Бар асари таркиш дар Афғонистон ду нафар ҳалок ва нуҳ нафар захмӣ шуданд