СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Он ба такмили минбаъдаи қонунгузории мамлакат дар ин самт равона гардидааст

Август 21, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 имконияти нав барои такмили ҳимояи озодӣ, шаъну эътибор ва қадру қимати шахсият мебошад ва он ба иштироки мардум дар амалисозии ҳокимият ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ин нуктаро номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев Насим Мамадсалимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

Ҳадаф аз қабули ин Стратегияи миллӣ, пеш аз ҳама, ба муайян намудани вазифаҳои асосӣ ва самтҳои амалисозии сиёсати давлатии пешгирифтаи Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳамчун шарти муҳим ва зарурии муваффақияти халқ, рақобатпазирии давлат дар арсаи байналмилалӣ, рушди устувор ва шаклгирии имиҷу симои демократии он равона шудааст.

Вобаста ба ин дар Стратегияи миллӣ вазифаҳои асосии зерин: такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон;    қабули чораҳои маҷмуӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ барои пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;     беҳтар намудани механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ оид ба ҳуқуқи инсон байни ҷонибҳои дахлдор;    ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон тавассути барномаҳои омӯзишӣ дар низоми маориф, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма;     марҳила ба марҳила зиёд намудани маблағҳои буҷетӣ ба самти ҳифзи ҳуқуқи инсон;    таъсиси низоми фарогиранда, ҳамоҳангсозанда ва самараноки ҷамъоварии маълумот дар самти ҳуқуқи инсон;     тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;     таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои миллии ҳимояи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон пешбинӣ гардидаанд.

Ин ҳуҷҷат дастоварди бузурги Тоҷикистон дар самти сохти давлати ҳуқуқбунёд мебошад, зеро он дурнамои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такмил дода, баёнгари он аст, ки давлати Тоҷикистон аз роҳи пешгирифтаи худ дар амалӣ намудани нуқтаҳои моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дур нахоҳад шуд. Ин ҳуҷҷат обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, саҳми давлати моро дар таъмини иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи мамлакат нишон медиҳад.

Волоияти ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд маънои волоияти на танҳо қонунҳо, балки ҳуқуқ ба озодиҳои инсонро низ дорад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон инсон арзиши олитарин маҳсуб шуда, ҳуқуқу озодиҳои ӯ мундариҷаи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамоянд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 21, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»