СУРАТГУЗОРИШ. Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Деваштич баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Имрӯз, 19 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони ҳунарманду заҳмакаши ноҳияи Деваштич вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Деваштич ва Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Меҳмонон бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумии ноҳияи Деваштич ва ҳамчунин намунаи таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои ноҳия шинос шуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин намоиш фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳияи Деваштич ташкил карда шуд.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Деваштич пешниҳоди хонандагон мегардонем.