ТАҶРИБАИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ. Директорони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун дар марҳилаи сеюми омӯзиш иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои директорони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун марҳилаи сеюми омӯзишҳо идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе.
Омӯзишҳо аз ҷониби кормандону омӯзгорони Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар он тибқи нақша, дар 6 гурӯҳ фаъолияти таълимии фанҳои хониш ва математика тақвият дода мешавад.
Даврҳои омӯзишӣ дар асоси модулҳои «Идоракунӣ», «Омӯзиши иҷтимоӣ-эҳсосотӣ» ва «Тарҳи универсалии омӯзиш» ҷараён дошта, дар асоси таҷрибаҳои муосири фаъолият дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард гардидаанд. Омӯзишҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» амалӣ мегардад.
АКС: «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






