ТАҚСИМ Ё ТАХФИФ. Чаро соҳибкорон нархи маҳсулоти муҳлаташ каммондаро сари вақт арзон наменамоянд?
ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи мутахассисони агентӣ ба миқдори 460 ҳазор 808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, аз он 46 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро соҳибкорон маҳсулотеро, ки муҳлати истифодааш кам мондаасту баъдан нобуд мегардад, сари вақт тахфиф ва ё ба ниёзмандону камбизоатон тақсим наменамоянд? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода чунин посух дод:
«Дар ин самт мутахассисони Агентӣ тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва машварат ба фурӯшандагону соҳибкорон риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро мефаҳмонанд».
Ба гуфтаи директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода, маҳз ҳамин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷой доранд, ки имрӯз дар бисёре аз марказҳои савдо гӯшаҳои алоҳида барои маҳсулоти муҳлати истифодаашон каммонда ва тахфифшуда ташкил шудаанд. Зеро иҷрои чунин амал ҳам ба фоидаи соҳибкор ва ҳам истеъмолкунанда мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар бисёре аз давлатҳои пешрафта таҷрибаҳои қобили дастгирӣ амал менамоянд. Масалан, дар баъзе давлатҳо агар субҳгоҳон нархи як кило мева 10 сомонӣ бошад, бегоҳ он ба 5 сомонӣ баробар мешавад. Зеро онҳо намехоҳанд, ки маҳсулоти ба фурӯш нарафта як рӯзи дигар истода, вайрон шавад.
Ё ин ки дар баъзе давлатҳо чунин маҳсулотро соҳибкорон ба ашхоси ниёзманд садақа менамоянд.
Хуб мешуд соҳибкорону фурӯшандагони мо низ ба ин гуна иқдом пайравӣ намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






