«ТАСМАИ БЕХАТАРӢ». Ин амалиёти шартӣ дар Тоҷикистон маротибаи аввал гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 август дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ» амалиёти нахустин гузаронида мешавад, ки то 20 август идома меёбад. Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаркат дар роҳ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиётии дорои оқибатҳои вазнин гузаронида мешавад, -иброз дошт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саймумин Ҳасанзода.
Мувофиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба тасвиб расидааст, ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат тасмаи бехтариро бандад ва то даме, ки аз ҷониби мусофири дар курсии паҳлӯи ронанда нишаста тасмаи бехтарӣ баста нашавад, воситаи нақлиётро ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз талаботи асосӣ ва уҳдадории ҳар ронанда, новобаста аз воситаи нақлиёти ӯ ба ҳисоб меравад.
«Таҳлилҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирони дохили нақлиёт ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад. Ҳамин аст, ки тибқи таҳлилҳои гузаронида ва зимни бурдани назорат аз болои ҳаракат дар роҳҳо дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ зиёда аз 713 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шудаст»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Таъкид гардид, ки пеш аз гузаронидани ҳар амалиёт аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилҳои дақиқи роҳу нақлиёт доир мегарданд. Баргузории амалиёти «Тасмаи бехатарӣ», ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ идома дорад, аз ин ҷумла аст.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз









Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






