«ТАСМАИ БЕХАТАРӢ». Ин амалиёти шартӣ дар Тоҷикистон маротибаи аввал гузаронида мешавад

Август 8, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 август дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасмаи бехатарӣ» амалиёти нахустин гузаронида мешавад, ки то 20 август идома меёбад. Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаркат дар роҳ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиётии дорои оқибатҳои вазнин  гузаронида мешавад, -иброз дошт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саймумин Ҳасанзода.

Мувофиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба тасвиб расидааст, ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат тасмаи бехтариро бандад ва то даме, ки аз ҷониби мусофири дар курсии паҳлӯи ронанда нишаста тасмаи бехтарӣ баста нашавад, воситаи нақлиётро ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз талаботи асосӣ ва уҳдадории ҳар ронанда, новобаста аз воситаи нақлиёти ӯ ба ҳисоб меравад.

«Таҳлилҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирони дохили нақлиёт ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад.  Ҳамин аст, ки тибқи таҳлилҳои гузаронида ва зимни бурдани назорат аз болои ҳаракат дар роҳҳо дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ зиёда аз 713 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шудаст»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Таъкид гардид, ки пеш аз гузаронидани ҳар амалиёт аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилҳои дақиқи роҳу нақлиёт доир мегарданд. Баргузории амалиёти «Тасмаи бехатарӣ», ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ идома дорад, аз ин ҷумла аст.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

Август 8, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд