Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дар маҷмуъ 4 миллиард сомонӣ маблағ равона намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар давоми солҳои 2008 – 2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст, таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун».
Сарвари давлат иброз доштанд, ки танҳо соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад дар маҷмуъ 4 миллиард сомонӣ равона намуд.
Таъкид шуд, ки аз оғози соли равон барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасонӣ аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолнамудаи неругоҳи «Роғун» 427 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона гардид. Яъне нақшаи солона 2,5 миллиард сомонӣ буд, вале то имрӯз беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки имрӯз дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад. Вале ин шумора барои бомарому босуръат идома дадани корҳои сохтмонӣ ҳанӯз ҳам кифоя нест ва зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ҳар сол аз ҳисоби хариди мошину механизмҳои пуриқтидори муосир зиёд гардида, ҳоло ба 3443 адад расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шуда, бо ҳам вобастагии мустақим доранд. Қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро зарур аст якҷо бо намояндаи фармоишгар – Консорсиуми «Трактебел»-и Фаронса ва «Электроконсалт»-и Италия ҷараёни корҳоро дар иншооти дахлдор ҳамоҳанг намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






