ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9609 то 11.0000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9609 сомонӣ;
1 евро – 11.8509 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1143 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9609 то 11.0000 сомонӣ;
1 евро аз 11.8509 то 12.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1143 то 0.1170 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».