Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи «RCC Boxing Fest» бар ҳарифаш Артем Пугач ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи навбатии «RCC Boxing Fest», ки 17 август баргузор гардид, бо варзишгари Русия рақобат карда, бо ҳисоби 2-4-2 ғолиб омад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рақобати муштзанон дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир шуд. Дар ҷараёни мубориза муштзани тоҷик фаъол буд ва зарбаҳояш ҳадафмандона ҷониби рақиб равона мегардиданд. Дар навбати худ Артем Пугач ҳам баъзан маврид зарбаҳояш ба самти мушаххас зада мешуданд.
Ҳамин тавр, бо қарори якдилонаи доварон ғолибият насиби муштзани соҳибноми тоҷик Баҳодур Усмонов гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






