Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: бар асари бориши шадид ва омадани сел чандин роҳу пулҳо осеб дидаанд
ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши зиёди 27 август дар бархе аз минтақаҳои кӯҳсори мамлакат сел омада, чандин роҳу пулҳоро тахриб намуд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Дар роҳи байналмилалии «Ваҳдат- Рашт-Лахш» дар километрҳои 92-94, 101, 141+800-и ҳудуди ноҳияи Нуробод, дар километри 144-уми ҳудуди ноҳияи Рашт, дар километри 194-и ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ва дар километрҳои 22, 25, 28, 27, 39-и ҳудуди ноҳияи Сангвор сели калонҳаҷм омада, роҳро вайрон ва ҳаракати нақлиётро муваққатан қатъ намуд.
Дар айни замон муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт бо истифода аз техникаи муҳандисӣ дар километрҳои 92-94 ва 101- и ноҳияи Нуробод роҳро кушода, ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиётро таъмин намуданд. Дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва Сангвор низ роҳ қариб тоза шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеъҳои дигари минтақа идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бар асари омадани сел дар ноҳияи Варзоб роҳи байналмилалии Душанбе-Чаноқ дар километрҳои 18, 19, 22, 23, 47, 56 зарари ҷиддӣ дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан қатъ гардид. Гуфта мешавад, ки баъд аз корҳои барқароркунӣ ҳаракати нақлиёт дар ин шоҳроҳ барқарор шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






