26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 июни соли 2023 иловаҳои дахлдор ворид шуда, тибқи он ҳамасола 26 сентябр «Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мешавад. Муқаррар гардидани рӯзи ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 маҳсуб мешавад. Бахшида ба ин сана мақолаи мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фирӯз Сайнозимзода пешкаши хонандагон мегардад.
— Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд.
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Яке аз падидаҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие, ки ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, минҷумла Маҷлиси Олии мамлакат таҳкиму тақвият мебахшанд, ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мебошанд, ки ҳамасола дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа мегарданд.
Ташаккули падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамқадами таъсиси Парламенти касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он дар натиҷаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 55 ва 69-и Конститутсияи мамлакат дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999 рӯйи кор омад.
Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҷумҳурӣ аз 26 сентябри соли 1999 воридгардида салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас шудаанд.
Дар асоси банди 1 моддаи 69 Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд. То ворид гардидани тағйиру иловаҳои мазкур ин салоҳиятро Маҷлиси Олӣ дошт.
Тағйироти ба моддаи 55 Конститутсия воридгардида муқаррар намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд намудан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, бе қабули қарор ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Ҷиҳати рушди падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 55 Конститутсияи ҷумҳурӣ дар асоси тағйиру иловаҳо аз 22 июни соли 2003 дар таҳрири нав ифода гардид, ки тибқи қисми сеюми моддаи мазкур дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд.
Дар мавридҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд.
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо навбат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон на дертар аз 15 рӯз то кушодашавии ҷаласаҳо даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян менамоянд. Лоиҳаи рӯзнома, масъалаҳои баррасишаванда ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Шурои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамоянд. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат раисӣ менамоянд.
Қобили тазаккур аст, ки тартиби гузаронидан ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи ҳарду маҷлис аз 27 апрели соли 2000 тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
Барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми сеюми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват мешавад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамоянд.
Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 27 апрели соли 2000 дар нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуда, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Маҷлиси имрӯза ҳамчун воқеаи муҳимми сиёсӣ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад шуд. Имрӯз, ки якумин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, яъне ҳайати пурраи Маҷлиси Олӣ аст, мехоҳам қабл аз баёни масъалаҳои дигар як андешаи худро хотирнишон созам: ҳар кадоми шумо на танҳо дар ҳавзаҳои алоҳида аз байни якчанд довталаб интихоб шудед, балки дар маҷмуъ мардуми Тоҷикистон аз байни зиёда аз шаш миллион нафар унвони намояндагиро маҳз ба шумо муносиб донист.
Ин боварии бузург аст. Мардум аз вакилони худ умеди зиёд дорад. Бинобар ин, ба хотири сазовор шудан ба чунин эътимоду боварӣ зарур аст, ки фаъолият ва тамоми кӯшиши худро барои манфиатҳои олии халқу Ватан, ободиву тараққиёт ва рушди мамлакат равона созед».
Ҳамин тариқ, аз 27 апрели соли 2000 то 23 декабри соли 2022 24 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардидаанд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвиятбахши фаъолияти қонунгузории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мебошанд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар мамлакат якчанд санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи паёмҳои Президенти мамлакат таҳия ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд. Чунончи, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 декабри соли 2004; 17 сентябри соли 2012; 23 декабри соли 2021), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 декабри соли 2004), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 июли соли 2016), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18 марти соли 2022), Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 декабри соли 2022), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (аз 2 январи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (аз 7 августи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (аз 23 декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 23 декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» (аз 22 июни соли 2023) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Инчунин дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2000 Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005 тасдиқ шуд. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид, ки он дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 ва 23 январи соли 2015 таҳия шуда буд. Барои таъмини иҷрои марҳилаҳои якум ва дуюми ин Стратегия бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (аз 28 декабри соли 2016) ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (аз 16 июни соли 2021) тасдиқ шуданд.
Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии қабулгардида баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими иқтидори мудофиаи мамлакат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун, амнияти давлату ҷомеа ва таҳкими истиқлолият нигаронида шудаанд.
Падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 пайдо шудааст. Аз ин лиҳоз, 26 сентябрро метавон рӯзи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ номид.
Бояд хотирнишон сохт, ки пас аз ироаи ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар алоҳидагӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар ин хусус қарори дахлдор қабул менамоянд. Чунончи, 20 январи соли 2023 қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 иброз гардидаанд» қабул гардид. Ҳамчунин Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо санади дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, тасдиқ намуд.
Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи муҳимми даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳкимбахши фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ