3 СЕНТЯБР-РӮЗИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаи авиатсияи Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон иди касбӣ доранд. Соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҳамасола гузаронида мешавад.
Таҷлили Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон аз он ибтидо мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт. Агар ба таърихи авиатсияи граждании мамлакат назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки дар як муддати кӯтоҳ роҳҳои нави ҳавоӣ пайдо шуда, дар Душанбе (собиқ Сталинобод/ аэроузел таъсис ёфта, соли 1930
фурудгоҳи дараҷаи якум ба истифода дода шуд. Соли 1937 Раёсати минтақавии Флоти ҳавоии Тоҷикистон (ФҲТ) таъсис ёфт ва он имкон дод, ки ҷумҳурӣ соҳиби ҳавопаймоҳои нав гардад.
Дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон аввалин парвоз бо хатсайри Сталинобод — Москва тавассути ҳавопаймои Ли-2 амалӣ гашта, баъдан парки авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймои Ан – 2 пурра шуд. Соли 1954 ҳавопаймои думуҳаррикдори Ил — 12 ба Тоҷикистон омад ва дар хатсайри Сталинобод-Сочи аввалин парвоз анҷом дод. Солҳои баъдӣ ба туфайли ихтироъҳои навин парки ФҲТ бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои нави Ил — 14, Ил — 18, Ан — 6 ва чархболи Ми — 4 пурра гашт. Солҳои 1959-1960 муассисаҳои авиатсионии Ленинобод ва Кӯлоб ташкил шуда, инчунин дар пойтахти ҷумҳурӣ маҷмааи фурудгоҳ ва майдони парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ба истифода дода шуд. Хатсайрҳо аз Сталинобод (Душанбе) ба Фрунзе (Бишкек), Алмаато, Новосибирск оғоз гардиданд. Солҳои 70-80 асри гузашта барои авиатсияи граждании Тоҷикистон солҳои пешрафт маҳсуб мешаванд, зеро баробари васеъ шудани хатсайрҳо парки ҳавопаймоҳои Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои нав пурра мегардид. Тавассути ҳавопаймоҳои Ту — 154, Як — 40, Ан — 24, Ан — 28 парвозҳо ба ҳамаи самтҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ амалӣ шуданд. Дар солҳои 1990 — 1991 парки ҳавопаймоии Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои Ил — 76, Ту — 154 М, чархболҳои Ми — 8, Мтв — 1 пурра гардид.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи беш аз 30 сол инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии мамлакат рушд намуд. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву замонавӣ табдил гардида, имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад. Дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд.
Бо дарназардошти муҳимияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои нахустини таъсис фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намуд. Зарфи 99 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд.
Хусусан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии ҷумҳурӣ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосир барои мусофирон сохта шуда, соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Моҳи июни соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, ба фаъолият оғоз намуд.
Инчунин соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин ҳама бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз соҳаи авиатсия мебошад. Соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки баландиаш беш аз 41 метр аст, ба истифода дода шуд. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ аст ва мутобиқ ба меъёру талаботи ИКАО сохта шуд. Ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 кишвари ҷаҳон далели ин гуфтаҳо аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо






