30-СОЛАГИИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Ин ниҳод ягона созмони минтақавӣ мебошад, ки ҳамаи панҷ давлати минтақаро муттаҳид месозад

Сентябрь 13, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе  Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал барпо мешавад. Вобаста ба мавзуи баҳри Арал АМИТ «Ховар» бо коршиноси соҳа мусоҳиба анҷом дода, дар саҳифаи сомона нашр намуда буд. Ҳамчунин оид ба нақши Тоҷикистон дар рушди Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои хонандагон маводи ҷолиб нашр шудааст.

Мусоҳибаи навбатии АМИТ «Ховар» бо намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал Саноӣ Бойзода дар робита ба 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фонди мазкур таҳия шудааст.

АМИТ «Ховар»: Фонди байналмилалии наҷоти Арал  дар тӯли 30 соли фаъолият ба чӣ гуна дастовардҳои муҳим барои минтақа ва Тоҷикистон ноил гардид?

Саноӣ Бойзода: Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама, Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои мураккаби идоракунии об ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим бозидааст. Фонд дар ташкили механизмҳои ҳамоҳангсозии амалҳо байни давлатҳои минтақа, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак оид ба мубориза бо оқибатҳои фалокати баҳри Арал саҳм мегузорад.

Дар чаҳорчўби  фаъолияти Фонд якчанд барномаҳои минтақавӣ, ба истилоҳ «барномаҳои ҳавзаи баҳри Арал», аз ҷумла лоиҳаҳои ҳам минтақавӣ ва ҳам миллӣ оид ба истифодаи маҷмуии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ва Тоҷикистон таҳияву  амалӣ шуданд. Аз ҷумла, Фонд ба ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ барои сохтмон ва таҷдиди иншооти гидротехникӣ, бунёди системаҳои мониторинги захираҳои об, барқарорсозии экосистема, ҷангалзоркунӣ, сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар ҳавзаи баҳри Арал кумак расонидааст. Бо шарофати ин талошҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал самаранокии истифодаи захираҳои обу замин, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, шароити зиндагии аҳолӣ ва ба ин васила коҳиш додани оқибатҳои манфии буҳрони баҳри Арал ба табиат ва ахолии минтақа имконпазир гардидааст.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти баҳри Арал ва вазъи муҳити зист дар ин минтақа низ яке аз дастовардҳои асосии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба шумор меравад.

Бар асари саъй ва талошҳои ин Фонд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар айни замон мушкилоти баҳри Арал ба тамоми ҷаҳон маълум гардидааст.

Соли 2008 Фонд дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозирро гирифт. Аз он вақт инҷониб Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва масъалаҳои марбут ба ҳавзаи баҳри Арал якчанд қатъномаҳо қабул намудааст. Ин қатъномаҳо муҳимияти ҳамкории байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти баҳри Арал тасдиқ менамоянд. Онҳо ҳамчунин аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват менамоянд, ки ҳамкориро дар бахши идоракунии об ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам тақвият диҳанд.

Бояд гуфт, ки барои ҳалли мушкилоти баҳри Арал ва ё бартараф намудани оқибатҳои он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин самт аз омилҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҳифз ва барқарорсозии як қисми баҳри Арал — Баҳри Шимолӣ (Хурд) дастоварди дигари муҳими Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад, ки бо шарофати саъю кӯшиши муштараки Фонд, Ҳукумати Қазоқистон ва дигар шарикони рушд ба даст омадааст.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар хусуси барқарорсозии як қисми баҳри Арал гуфтед. Оё ин имконпазир аст?

Саноӣ Бойзода: Дар натиҷаи татбиқи амалии лоиҳаҳои хоҷагии об, аз ҷумла сохтмони сарбанди Қоқарал обе, ки ба Арали Шимолӣ мерасад, аз 350 м3/с то 700 м3/с афзуд. Ин имкон дод, ки масоҳати баҳр аз 2414 км2 ба 3288 км2 ва ҳаҷми об аз 15,6 км3 ба 27,1 км3 зиёд карда шавад. Ғайр аз ин, шӯрнокии об аз 23 то 17 г/л кам шудааст. Ин маъно дорад, ки вазъияти экологии Арали Шимолӣ беҳтар шудааст. Моҳӣ ба баҳр баргашт ва ин имкон дод, ки моҳидорӣ дубора оғоз шавад. Нигоҳ доштан ва барқарор намудани Арали Шимолӣ дар роҳи ҳалли проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал қадами муҳим мебошад. Бояд иброз намуд, ки ҳамкории байналмилалӣ ва ҷидду ҷаҳди якҷоя натиҷаҳои мусбат бахшида метавонанд.

Гуфтаҳои боло яке аз натиҷаҳои бадастовардаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал давоми фаъолияти 30-солаи он мебошад.

Пӯшида нест, ки проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал бениҳоят ҷиддӣ мебошанд ва меҳнати тӯлонию пурҷидду ҷаҳдро талаб менамоянд. Аммо ба шарофати талошҳои пайвастаи ҳукуматҳои давлатҳои минтақа, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ вазъият дар минтақа тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

АМИТ «Ховар»: Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонд, ки ба 30-солагии он рост омадааст, кадом корҳо анҷом дода шудаанд ва чӣ натиҷаҳоро аз онҳо интизорем?  

Саноӣ Бойзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар давраи раисии худ дар солҳои 2020-2023 корҳои назаррасро анҷом додааст.

Дар давраи раисии Тоҷикистон дар Фонд чаҳор маҷлиси Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар доираи онҳо аз рӯи равандҳои муҳимтарини фаъолияти Фонд тақрибан 30 қарор қабул шудааст. Дар натиҷаи ҷаласаҳои Фонд Барномаи чоруми амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (БҲБА-4) ва Барномаи минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ тасдиқ шуданд.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ва захираҳои молиявии созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молӣ, кишварҳои донор, аз ҷумла барои таъмини татбиқи БҲБА-4 тамоми тадбирҳо андешида шуданд. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал механизми Вохӯрии ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо шарикони рушд таҳия ва мураттаб гардид. То имрӯз се вохӯрӣ баргузор гардида, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ва сармоягузориҳо ба мушкилоти баҳри Арал ва БҲБА-4 заминаи мувофиқ гузошта шудааст. Дар доираи БҲБА-4 даҳҳо лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо маблағи умумии зиёда аз 650 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои муаррифии Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар равандҳо ва рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал конфронсҳои гуногун, анҷуманҳо, ҷаласаҳои махсус, намоишгоҳҳо ташкил ва баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал, равандҳои  фаъолияти он ва мушкилоти баҳри Арал саҳм гузоштааст.

Дар ин замина Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар кори Конфронси СММ оид ба захираҳои об, ки 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳолланд баргузор гардид, ба таври муносиб муаррифӣ шуд. Дар доираи Конфронс ҷаласаи вижа бахшида ба Осиёи Марказӣ ташкил шуда, бори аввал дар таърихи Фонд Изҳороти муштараки давлатҳои минтақа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуд ва уҳдадориҳои ихтиёрии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об эълон гардид.

Илова бар ин,  соли равон якчанд чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ташкил шуданд. Яке аз чорабиниҳои муҳими ҷашнӣ- Конфронси байналмилалӣ буд, ки 5-7 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар конфронс беш аз 560 мутахассиси соҳа- намояндагони 35 давлат иштирок намуданд. Тақрибан 50 ҳайат аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муовини Дабири кулли СММ, Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои марказӣ  ва дигар шахсони баландпоя дар шаҳри Душанбе барои баррасии мавзуи Баҳри Арал, таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилот гирди ҳам омаданд. Дар конфронс дастовардҳои асосии Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар тӯли 30 соли фаъолияти он, инчунин мушкилоти мубрами ҳавзаи баҳри Арал баррасӣ шуданд. Иштироккунандагони конференсия якчанд тавсияҳоро ҷиҳати мустаҳкам намудани нақши Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҳалли ин проблемаҳо қабул намуданд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба нақши Тоҷикистон дар робита ба заминаҳои шартномавӣ, ҳуқуқӣ ва такмили сохтори Фонди байналмилалии наҷоти Арал чӣ гуфта метавонед?

Саноӣ Бойзода: Тоҷикистон дар раванди такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ саҳми арзанда гузоштааст. Дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал 8 ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба мукаммалсозии Фонд баргузор гардида, дар натиҷа дар ин самт пешравиҳои муайян ба даст оварда шуданд.

Бо мақсади шинос шудан бо вазъи ҳозираи ҳавзаи баҳри Арал барои олимону мутахассисони ҷавони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатҳои Осиёи Миёна аз минтақаи ташаккули об то баҳри Арал дар ҳавзаи дарёҳои Сирва Аму ду экспедитсия ташкил шуд.

Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо шарикони байналмилалии рушд, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), САҲА, Комиссияи аврупоии иқтисодӣ (UNECE) ва ғайра, ҳамчунин  бо сафирон ва намояндагони воломақоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои хориҷӣ вохӯриҳои сершумори маҷозӣ ва ҳузурӣ анҷом додааст. Инчунин дар доираи ваколати Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба таври доимӣ корҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ва имиҷӣ-тарғиботӣ оид ба доираи васеи масъалаҳо амалӣ шуданд.

Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба рушди минбаъдаи фаъолияти фонд ва баланд бардоштани нақши он дар ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат менамоянд.

Дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, ки кори фонд то ҳадди имкон самаранок бошад ва дар рушди минбаъдаи фаъолияти фонд ва баланд бардоштани нақши он дар ҳалли мушкилоти ҳавзаи Арал саҳм гузорад. Талошҳои Тоҷикистон барои рушди фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба минтақа таъсири мусбат ва дарозмуддат дорад.

АМИТ «Ховар»: Кадом ҳадафу вазифаҳо дар пеши   Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои оянда гузошта шудааст?

Саноӣ Бойзода: Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби идоракунии об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад.Он ягона созмони минтақавӣ мебошад, ки ҳамаи панҷ давлати минтақаро муттаҳид менамояд ва дар тӯли солҳои фаъолияташ дар ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омодагии худро барои такмили минбаъдаи сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳор доштаанд. Ин маънои онро дорад, ки ба Фонд боварӣ ҳаст ва барои боз ҳам самараноктар иҷро гардидани вазифаҳои он ва бартараф намудани таҳдидҳои наве, ки дар назди минтақа дар оянда истодаанд, шароит фароҳам оварда мешавад.

Инчунин ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти идоракунии об ва экология дар минтақа, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал зарур дониста мешавад. Ин шуурнокӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳоро нисбат ба ояндаи минтақа баланд мебардорад. Ин вазифагузорӣ аз тарафи сарои давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки он барои сохторҳои Фонд дастурамал барои фаъолияти минбаъдаашон ба шумор меравад.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар оянда низ дар ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал нақши муҳим хоҳад дошт. Фонди мазкур ҳамкории минтақавиро таҳким бахшида, сатҳи огоҳии ҷомеаро аз мушкилоти минтақа ва ҷалби ҷавононро ба ҳалли ин мушкилот равона месозад.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал талошҳоро ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои обу энергетикӣ, ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолии ҳавзаи баҳри Арал, инчунин мусоидат ба рушди иқтисодии давлатҳои минтақаро идома хоҳад дод.

Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 13, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ анҷом доданд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот анҷом дод
Дар Боку масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Таиланд мавриди баррасӣ қарор гирифт
Изҳорот пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон
Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок ва суханронӣ намуд
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
ҲИФЗИ ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» қабул гардид
РУШДИ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон зинаи сеюми таҳсил ҳатмӣ мешавад
Дар Теҳрон шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Ҳамкории Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд