32 ФАСЛИ ДАФТАРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ. Бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмию сиёсӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конференсияи илмию сиёсӣ таҳти унвони «32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 фасли дафтари худшиносии миллат» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Дар конференсия гуфта шуд, ки маҳз истиқлолият ба мо имконият фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро таъмин намоем.
Ҷашн гирифтани 32 соли Истиқлоли давлатӣ ин худ дастоварди беназир аст, чунки дар замони шиддат гирифтани муборизаҳои абарқудратҳои ҷаҳон ва авзои геополитикӣ ва пайдо шудани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доштани ин арзиши муқаддас худ комёбӣ аст.
Таъкид шуд, ки дар ҳар як дастоварди даврони истиқлол саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрўз аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 20 фоизи тоҷикони ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, вале тоҷик будан ва тоҷик мондани аҳли чандинмиллионнафараи тоҷикони дунё аз ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва саъю кўшиши ҳар як тоҷик вобаста аст, яъне нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллии тоҷикони дунё аз мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст.
Дар охир раёсати Донишгоҳ ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ устодону кормандонро, ки дар фаъолияти кориашон давтоварҳои назаррас доранд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадрдонӣ намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






