32 ФАСЛИ ДАФТАРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ. Бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмию сиёсӣ доир гардид

Сентябрь 8, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32- солагии Истиқлоли давлатӣ  дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конференсияи илмию сиёсӣ таҳти унвони «32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 фасли дафтари худшиносии миллат» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.

Дар  конференсия гуфта шуд, ки маҳз истиқлолият ба мо имконият фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро таъмин намоем.

Ҷашн гирифтани 32 соли Истиқлоли давлатӣ ин худ дастоварди беназир аст, чунки дар замони шиддат гирифтани муборизаҳои абарқудратҳои ҷаҳон ва авзои геополитикӣ ва пайдо шудани ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доштани ин арзиши муқаддас  худ комёбӣ аст.

Таъкид шуд, ки дар ҳар як дастоварди даврони истиқлол саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург  аст. Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрўз аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 20 фоизи тоҷикони ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, вале тоҷик будан ва тоҷик мондани аҳли чандинмиллионнафараи тоҷикони дунё аз ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва саъю кўшиши ҳар як тоҷик вобаста аст, яъне нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллии тоҷикони дунё аз мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст.

Дар охир раёсати Донишгоҳ ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ устодону кормандонро, ки дар фаъолияти кориашон давтоварҳои назаррас доранд,  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ қадрдонӣ намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд