32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин солҳо фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи мусиқӣ рушд ёфт
ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи саъю талошҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯшноӣ бар ҷаҳолату торикӣ ғолиб омад ва мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин хотир, ҳар яки мову шумо бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намоем. Чунин изҳор намуд Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ.
Ректори донишкада иброз дошт, ки таҷлили бошукуҳи ҳамасолаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони мамлакат ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанашро ба даст овард.
«Барои ноил гаштан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон саҳм гузоштанд, наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд», —афзуд ў.
Муҳриддин Низомӣ таъкид намуд, ки корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳалаи сарнавиштсоз аз вартаи парокандагию нобудӣ раҳонидани Ватан ва аз гуруснагию бенавоӣ наҷот додани миллат буд. Дар ҳамон шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлату миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум равон намуданд.
Номбурда тазаккур дод, ки ҳамаи дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ ноилгардидаи Донишкада натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдориро ба даст гирифтан ба рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат симои Донишкада ва сатҳу сифати таълим дар ин боргоҳи фарҳангу ҳунар ба куллӣ дигаргун гардид. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат дар донишкада толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ аввалин маротиба бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои руҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид.
«Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб намуда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд»,-таъкид намуд Ректор.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






