ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Бахшида ба ин рӯз дар ҷумҳурӣ ҳамоишу нишастҳои илмӣ, озмунҳои маснавихонӣ, чорабиниҳои илмию адабӣ баргузор мегарданд.
Мавлоно яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.
Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони бузург мебошанд. Асарҳои «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» -ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.
Мавлоно шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад. Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаб ва илму маърифати ҷаҳонӣ мебошад.
Ӯ дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳанги форсизабон, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон мавқеи беназир ва ному симои оламгири худро ба мо мерос гузоштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно иброз намуданд, ки «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст. Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.
Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.
Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».
Таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад.
Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва аз ҷиҳати теъдоди чоп дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






