Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид

Ноябрь 22, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи М. Миршакар» бо иштироки 38  довталаб Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмуни дар доираи «Барномаи давлатии рушди фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳадафи он омӯзишу баррасии масъалаҳои марбут ба тақвияти дониш ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, шиносоӣ бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мебошад.

Озмун аз моҳи сентябр то нимаи дуюми моҳи ноябр дар се давр – ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Даври ҷумҳуриявии озмун тибқи низомнома миёни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

Ғолибон бо ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд