Ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии касбӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Конфронси сатҳи баланд ҷиҳати рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Тошканд иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки замони муосир талаб менамояд, ки дар самти таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба иқтисоди бозорӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал оянд. Ин, пеш аз ҳама, ҳамкории давлатҳои минтақаро дар шакли нав талаб менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он омода аст. Вазир иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар самти илму маориф метавонад дар рушди босуботи давлатҳои минтақа таъсир гузорад.
Дар конфронс ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон 430 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 1,8 млн донишҷӯ фаъолият менамоянд, ки дорои имконияти васеъ барои ҳамкории чандҷониба мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронс вазирони маориф ва таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






