Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид

Сентябрь 28, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи ин қарор, ба иштирокчиёни Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, барои ишғоли ҷойи якум — манзили истиқоматии сеҳуҷрадор, ҷои дуюм — манзили истиқоматии дуҳуҷрадор ва ҷойи сеюм — манзили истиқоматии якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти коммуналии шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ дода мешавад.

Мақсад аз он ҳавасманд гардонидани варзишгарон ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди варзиш дар мамлакат мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо муваззаф намудаанд, ки ба ғолибон манзилномаи «Манзили шахсӣ»-ро таъмин намояд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 28, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд