БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод бинои шуъбаи сироятӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 11, 2023 09:36

ТОҶИКОБОД, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори ҷашни 32-  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои  нави шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи замонавӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода  сухан гуфтанд.

Шуъбаи бемориҳои  сироятӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, дорои 13 ҳуҷраи муолиҷавӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва 25 кати хоб мебошад. Ҳамзамон шуъбаи мазкур  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.

Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи  истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хати кислород  умуман мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  дастрас мегардид. Дар айни замон шуъбаи нави бемориҳои сироятии ноҳия пурра бо хати кислород пайваст мебошад.

Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бунёд гардидааст.

Табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати муҳаё намудани тамоми шароити зарурии корӣ дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ миннатдории хешро иброз наамуда, ваъда доданд, ки дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода намуда, ба беморон бо  муомилаи хубу дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд.

Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Гадоев,  дар ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Шарқиёни Ҷамоати деҳоти Нушор хатти оби нушокӣ ва дар деҳаи Саринайи Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёди 101 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 25 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд.  Ҳоло дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар иншооти  боқимонда корҳои лоиҳакашию шаҳодатномакунонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд