Ба шарафи Истиқлол бори нахуст Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо додааст

Сентябрь 8, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз  бо шарофати  Истиқлолияти давлатӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои руҳафзои он  дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид. Ин матлабро  Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни баргузории ҳамоиши ҷашнӣ бахшида 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯшноӣ бар ҷаҳолату торикӣ ғолиб омада, мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин хотир, ҳар яки мову шумо бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намоем.

Дар ҳамоиш ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуда, доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.

Ректори Донишкада ҳозиринро самимона ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Роҳбари муассиса аз суханронии Пешвои миллат ҳангоми таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ зимни маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳар як сухани самимии Роҳбари давлат бори дигар аз ғамхорияшон нисбат ба ҷавонон, махсусан донишҷӯён шаҳодат медиҳад.

Дар охир барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд. Ҳамзамон як қатор устодону кормандон низ барои саҳми шоиста гузоштан ба рушди давлат мукофотонида шуданд.

АКС: МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Сентябрь 8, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд