Ба шарафи Истиқлол бори нахуст Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо додааст
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои руҳафзои он дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид. Ин матлабро Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни баргузории ҳамоиши ҷашнӣ бахшида 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯшноӣ бар ҷаҳолату торикӣ ғолиб омада, мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин хотир, ҳар яки мову шумо бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намоем.
Дар ҳамоиш ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуда, доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.
Ректори Донишкада ҳозиринро самимона ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Роҳбари муассиса аз суханронии Пешвои миллат ҳангоми таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ зимни маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳар як сухани самимии Роҳбари давлат бори дигар аз ғамхорияшон нисбат ба ҷавонон, махсусан донишҷӯён шаҳодат медиҳад.
Дар охир барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд. Ҳамзамон як қатор устодону кормандон низ барои саҳми шоиста гузоштан ба рушди давлат мукофотонида шуданд.
АКС: МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»








«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид






