Ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар толори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба самъи иштирокчиён расонд.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар бораи Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва таҳкими истиқлолият суханронӣ намуд.
Сипас, дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ кормандон бо Медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Ифтихорнома ва Раҳматнома сарфароз гардиданд.
АКС: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

































Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






