Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ озмун эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, ки ба 13 октябр рост меояд, байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин асари журналистӣ озмун эълон менамоянд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар озмун хабарнигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ ва муаллифони алоҳида, ки дар мавзуи болозикр мавод омода намудаанд, имкони иштирок намуданро доранд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ», «Беҳтарин филми видеоӣ(ролики видеоӣ)» ва «Беҳтарин мавод дар ВАО-и электронӣ» гузаронида мешавад.
Ба озмун маводе қабул мешаванд, ки фаъолияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ҳамаҷониба инъикос намоянд. Дар ҳар номинатсия ғолибон аз тарафи ҳайати босалоҳияти ҳакамон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






