БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»

Сентябрь 20, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷик, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ гузаронида мешавад. Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. 

Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ мулоҳизаҳои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешкаши хонандагон мегардад.

— Осори боқимондаи корвонсолори шеъри Аҷам-устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ садсолаҳо аст, ки вирди забони мардуми суханпарвари дунё мебошад. Ашъори то ба мо расидаи Маликушшуарои нахустини адабиёти тоҷикӣ гувоҳи он аст, ки дар он рӯзгор пояҳои ин кохи муҳташами назмро ҳамчун меъмори варзида тарҳрезӣ намудаанд, ки тамоми осори офарандагони баъдӣ натиҷаи хизматҳои устод мебошанд ва барҳақ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр «Рӯдакӣ кори пури Достон кард» мегӯяд ва ин осори газанднописанду ҷаҳоншумул имрӯз низ аз шуҳрати худ заррае накостааст, балки рӯз аз рӯз машҳуру оламгир мегардад. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки шоҳон ва ҳокимони Сомонӣ дар такомулу густариши шеъру адаб заминаи мусоид фароҳам оварда буданд. Онҳо, воқеан аз уламову удабои замон бениҳоят пуштибонӣ ва қадрдонӣ менамуданд. Аз ин ҷост, ки пешиниён асри дурахшони ҳукуматдории ононро ба сифати баҳори шеъри тоҷикӣ хондаанд. Мавҷудияти сулолаи Сомониён таъсири муассире ба тавлиди осори устод Рӯдакӣ бахшидаанд. Ин тафохуротро устод Шаҳриёр дар «Рӯдакӣ» ном шеъри хеш басо накӯ ба қалам додааст:

Вақт хуш буд Оли Сомонро,
Ҷое дар хитаи Хуросон буд.
Рӯдакӣ низ чун дурри шаҳвор,
Зеби дарбори Оли Сомон буд.
Ҳамчу теғи амир Исмоил,
 Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.
Дар низои бақои миллият,
Аввалин қаҳрамони майдон буд.

Панду андарз аз муҳимтарин мавзуъҳои адабиёти гузаштаи мо мебошад, ки дар осори бозмондаи султони шоирон ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамояд. Афкори ахлоқии ӯ дар тамоми давру замонҳо дар тарбияи маънавии насли инсон нақши носутурданӣ доштааст. Шоири волосухан «Замона чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст» мегӯяд ва ворисонро вомедорад, ки рӯзгори хешро бо хулқу атвори накӯ оро диҳанд, ба андӯхтану анбоштани маърифати инсонӣ кӯшиш намоянд. Ин шоири рӯшанбин мутмаин аст, ки «дониш андар дил чароғи равшан» ва таҳсилоти комили инсон ҳам ба туфайли кӯшиши пажӯҳишгаронааш ба даст меояд.

Бузургтарин ганҷи дарёфтаи башарият ин фарҳанг аст, ки онро танҳо тавассути омӯзишу парвариш метавон ҳосил намуд ва биофарид ва ин ҳақиқати бебаҳсро шоири мо, пеш аз ҳама, гӯяндагону шоирон бо калимоте содаву фаҳмо чунин иброз дошта буд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ. 

Агар аз нигоҳи таҳқиқ ба эҷодиёти шоир назар афканем, дармеёбем, ки фармудаҳои шоир ба тамоми паҳлуҳои тарбияи миллии мо созгор аст. Ин нуқтаро дар мисоли тарбияи ғояи миллӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ бар мабнои осори устод мехоҳем баррасӣ намоем.

Сухансарои бузург дар абёти бозмондаи худ перомуни мавзуъҳои мухталифи рӯзгори инсонӣ ҷаззобтарин суханҳоро баён доштаааст, ки дар лобалои онҳо метавон оид ба худогоҳӣ ва меҳандӯстӣ ва парвариши миллӣ мардумонро дар руҳияи созандагию ҳамдигарфаҳмӣ зистан ва пайкор намудан даъват менамояд. Ҳарчанд ки роҷеъ ба мавзуи мавриди гуфтугӯи мо дар осори шоир абёти хеле кам ба чашм бармехӯрад, аммо аз он чӣ дар ин мавзуъ дар абёти бозмондаи шоир мехонем, зубдаву фишурдаи ҳамон афкори ахлоқии адабиёти мо дар асри Х мебошад.

­Шоир бо сутудани шоҳони сомонӣ, бахусус Наср ибни Аҳмад, ки воқеан ҳам мудофеъи марзу бум ва ҳомии фарҳангу адаби ниёгон будаанд, ғояи меҳанпарастиву худогоҳии миллиро талқину ташвиқ намудааст. Васфи Бухорои замони шоир ва дар зимн ин шаҳри тамаддунсозро аз Бағдод, ки қароргоҳи хилофати Араб буд, волою муътабар шуморидани суханвари ватандӯст бесабаб набуда, балки ин абёти саршор аз ифтихорот шаҳодат аз он медиҳад, ки шоир бо ситоиши Бухоро шукуҳу шаҳомати Хуросони бузург ва фарҳанги ахлоқу тамаддуни халқи моро, ки нав баъди сукути ду қарн эҳё шуда буд, дар назар доштааст.

Метавон дар зимн  суханони донишманди араб Саолобӣ, ки дар китоби «Ятиматутдаҳр»-и худ Бухороро васф намудааст, барои мисол овард: «Бухоро дар замони давлати Сомониён марҷаи азамат, шарафи мулк, маҳалли ҷамъомади донишмандони дараҷаи аввали замон ва ҷои тулӯи ситорагон – бузургони удабои рӯи замин ва маркази фузалои даҳр буд… »

Аз ин ваҷҳ, шоире, ки «Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон буд», ҳуқуқи маънавӣ дошт, ки дар мадҳи Наср ибни Аҳмад пешоҳанг бошад.

Ҳотами Тойи туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард.
Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,
Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард!

Ин маъниро аз қасидаи «Модари май» аз мукаммалтарин қасидаи ӯ, ки аз миёни он ҳама кӯриҳои таърих бегазанд то ба мо расидааст ва бо хоҳиши Насри II дар мадҳи волии Хуросон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад нигошта шудааст, метавон дарёфт намуд. Ба маърази мадҳ  кашидани  амире, ки пуштибонӣ аз мулку давлат ва қадрдонӣ аз асолату заковати фарҳанги хеш менамояд, бешубҳа, таҷассумгари замони рӯзгори шоир аст. Устод Рӯдакӣ бо ситоиш намудани ин чеҳраи накӯноми таърихӣ андешаҳои ватанпарастонаи худро тарғиб доштааст ва сабақ гирифтан аз он касро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият месозад.

Оне, ки бо иштиёқи тамом нидои «Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд» – ро дар медиҳад, бо ҳамвора ба забон овардани номи Бухоро мақсади худро ба самъи посдорони хиттаи Хуросони Кабир мерасонад, ки дар ҳифозати марзу буми мамлакат ҷонсупор бошанд ва дар роҳи доштани ваҳдату якпорчагии он худро ба канор наандозанд.

Гурӯҳҳое бо ҳар роҳу васила мехостанд, ки дар пешрафту равнақёбии давлати Сомониён монеа эҷод намоянд. Фарзияе ҳам вуҷуд дошт, ки қувваҳои марказгурез нияти кӯчонидани пойтахтро ба Ҳирот тарҳрезӣ намуда, аз байн бардоштани Наср ибни Аҳмад ва зимомдорони сомониро низ ба нақша доштаанд. Шояд ин тахмине беш набошад. Вале мутолиаи шеъри машҳури «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-и соҳибқирони шоирон ва таърихи тавлид ёфтани он ногузир моро ба жарфтар андеша намудан вомедорад. Бо таъкид бояд баён дошт, ки перомуни шеъри мазкур то ба ҳанӯз дар байни донишмандону муҳаққиқони осори шоир ақидаҳои ихтилофнок тарҳрезӣ меёбанд, ки наметавон дақиқии ин ё он фикри пажуҳишгаронро қобили қабул шуморида, ба ин нуктапардозиҳои печида нуқтаи хотима гузошт. Аммо ҷолибтар аз ҳама барои мо ғояи асосии ин асар аст, ки дар он аз як сӯ таъсири ин шеъри пурмуҳтаво ба нафси амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ муассир афтода бошад, аз сӯи дигар эҳсоси ватанхоҳӣ ва ифтихороти шоирро аз ҳувияти миллӣ мо аз он дарку ташхис менамоем. Дар ин қасида, ки аз рӯи ривояти маъруф бо хоҳиши дарбориёну сипоҳиёни дар ёди ватану аҳлу аёли хеш муштоқ иншо ёфтааст, шоир иттиҳоди давлатии ватанашро талқину тарғиб намудааст. Воқеан ҳам, қироати ин абёти муассир касро ба гиромидошти Ватан, дӯст доштани обу хоки ҳаётпарвари он даъват менамояд.

Осори нотакрори нобиғаи сухан, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асрҳо аст, ки аз назари аҳли ҳунар дур наафтода ва доимо мавриди омӯзиш ва ситоиши офарандагони баъдина қарор доштааст. Қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён  ояд ҳаме» аз хонотарин шеъри устод маҳсуб мешавад. Шоирони зиёде дар пайравии он ҷавобия навишта ва ё онро тазмин намудаанд. Аммо мусаллам аст, ки аз тамоми гуфтаҳои дигарон худи ӯ беҳтару хубтар гуфтааст. Бештари танзимкунандагон ба тағйир додани қофияи қасида ва нигоҳ доштани радифу вазни он нигоришоти хешро ба либоси тозаи бадеӣ бозгӯ намудаанд.

Адабиётшинос Абдуғанӣ Мирзоев аз таърихи эҷод шудани ин шеър ёд намуда, онро аз «шеърҳои машҳур ва паҳншудатарини ин суханвари номӣ» донистааст ва таъкид ба он намудааст, ки «дар қаламрави собиқ забони дарии форсӣ, ки ҳудуди он аз хоки Туркияи Усмонӣ сар карда, то Деҳлӣ ва Банғола сарзаминҳои васееро дар бар мегирифт, тақрибан мамлакатеро пайдо карда наметавонем, ки аз шоирони номии он ҷо шоири забардасте дар пайравӣ аз ин шеъри устоди сухан табъозмоӣ накарда бошад. Масалан, Унсурӣ аз Балх ва Амир Муиззӣ аз Марв, Анварӣ аз Абивард ва Ҷалолиддини Румӣ аз Туркия (шаҳри Қуния), Саноӣ аз Ғазнин ва адиб Шиҳобиддини Вассоф аз Шероз, Суруш аз Исфаҳон, Сайф аз Фарғона, Сипандӣ аз Самарқанд ва Ғолиб ва Шиблии Нуъмонӣ аз Деҳлӣ ва ғайра аз ин шеъри Рӯдакӣ илҳом гирифта, дар услуби баёни ӯ дар давраҳои гуногуни таърихи назм дар мавзуъҳои гуногун шеър эҷод кардаанд». Ин анъана дар адабиёти муосир низ бо баёну шеваҳои мухталиф идома ёфтааст.

Лоиқ Шералӣ дар пайравии ин қасида шеъри бузургҳаҷме дар ҳудуди 36 байт суруда, ки дар он аз шукуҳу манзалати Оли Сомон ва шоҳи соҳибқирон Исмоили Сомонӣ басо ошиқонаву содиқона бо суханони саршор аз меҳр ёд меоварад. Ин қасида ба ифтихори таҷлил аз 1100 – умин солгарди давлати Сомониён, ки бо ибтикори Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 1999 баргузор шуда буд, ба риштаи назм кашида шудааст. Суханвари меҳанпараст дар ин шеър мисраи «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»- ро тазмин намуда, вазну қофияи онро ба тамомӣ нигоҳ доштааст. Ин муҳаббатнома бо абёти зерин ифтитоҳ меёбад:

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Аз Бухоро бар Душанбеи шариф,
«Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».

Қобили тазаккур аст, ки шоири фасеҳбаён дар офаридани ин абёти рангин луғату калимот  бо каломи шевоӣ ва зебоӣ зеби рақам задааст, ки қироати он касро бефарқ  гузошта наметавонад ва бе тардид моро ба сайри таърихи куҳани баҳоросои аҷдодӣ мебарад. Шоир ифтихор аз ниёи зинданому баномусаш Исмоили Сомонӣ ёд менамояд ва авсофи ӯро ба гунаи «вориси тоҷи Каён» чунин ба қалам додааст.

Чун дилам дар ёди миллат метапид,
Рӯи каф дил армуғон ояд ҳаме.
Аз миёни чанд қарни ашку хун,
Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме.
Эй Душанбе, боз кун оғӯши хеш,
Шоҳи Сомон меҳмон ояд ҳаме.

Аз ашъори баррасишуда ҳамин хулоса мебарояд, ки қасидаи Одаммушуаро, ки дар замонаш ба муштариёну муштоқони шеър муассир афтода буд, таъсиру нуфузи худро имрӯз низ  барои хонандагон ба ҳамин таровату шаҳомат ва виқору ватанхоҳиву ифтихор аз марзу бум нигоҳ доштааст. Ин қасида намунаи барҷастаи ҳифз аз марзу бум ва ватандӯстӣ мебошад, ки руҳияи онро беш аз дигарон устод Лоиқ пай бурда, он ҳама ифтихору муҳаббатеро, ки ба Амир Исмоил дошт, тавассути шеъре, ки дар ин қолаб дар қатори бузургони шеъру адаби мо суруд, иброз доштааст.

Ҳасан ҶӮРАЕВ,
Салим ТАҒОЕВ,
омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогикаи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 20, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

“Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид
Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид