Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи шарқии Қазоқистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 16, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи С. Амонжолова Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар асоси ин санади ҳамкорӣ дар оянда ду муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро густариш дода, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, ташкили конфронсу форумҳои муштаракро ба роҳ мемонанд.

Ин санади ҳамкорӣ дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе доир гардид, ба имзо расонида шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст