Байни ду муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи баимзорасида ҳамкории дуҷониба дар самти табодули академии донишҷӯён, ташкили даврҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорон, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак ва ташкили конфронсу форумҳои муштарак ба роҳ монда шавад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шартномаи ҳамкориро дар Душанбе ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав Ғанишер Раҳимов ба имзо расониданд.
Дар мулоқоте, ки байни ду роҳбари муассисаи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар дар самтҳои гуногуни фаъолияти муассисаҳои таълимӣ гуфтушунид анҷом доданд.
Ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Узбекистон инчунин бо пойгоҳи моддӣ-техникии омодасозии кадрҳо ва шароиту имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид. Ҳамзамон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав, профессор Ғанишер Раҳимов дар назди ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маъруза намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав Ғанишер Раҳимов дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд






