БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар ҷамоатҳои зарардидаи шаҳри Ваҳдат беш аз 25 техника хонаҳои сокинон ва роҳҳоро аз ярчу хок тоза доранд
ВАҲДАТ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалӣ сари вақт ба зарардидаҳои офати табии шаҳри Ваҳдат 466 халта орд, 932 литр равған, 2330 кг нахӯд, 1398-ададӣ матрасу болишт, ҷиҳози хоб ва кӯрпа расонида шуда, онҳоро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Тавре корманди бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Ваҳдат Шоҳрух Назарзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод, дар ҷамоатҳои деҳоти Нуъмон Розиқ 44 хоҷагӣ, Симиганҷ 99 хоҷагӣ, Чӯянгарон 248 хоҷагӣ ва дар Ромит 75 хоҷагӣ аз ин офати табиӣ зарар дидаанд.
Бо дастгирии соҳибкорон ва Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои зарардида зиёда аз 25 техника барои баровардани ярчу хоку гил аз хонаҳои сокинон ва тоза намудани роҳҳои маҳаллаҳо мунтазам кор намуда истодаанд. Шахсони саховатманди шаҳри Ваҳдат зарардидагони офатҳои табииро бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намуда истодаанд.
Раиси Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Икромзода гуфт, ки “бар асари селу ярчи шаби 27 ба 28 август дар ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат баамаломада 2 хонаи истиқоматӣ пурра, 2 хонаи дигар қисман ва 466 иншооти ёрирасон зарар диданд. 52 пояи бетонию чӯбини ноқилҳои хатҳои барқ, 22 иншооти қубурҳои гидротехникиро сел шуста бурд. Ҳамчунин 104 сар чорвои майдаи шохдор ва 76 сар чорвои калон талаф ёфтааст”.
Тавре сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Сироҷ Раҳмонов мегӯяд, “дар натиҷаи офати табиӣ 13 нафар осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ки сари вақт 8 нафари онҳо ба ташхису табобати амбулаторӣ фаро гирифта шуда, 5 нафар дар шуъбаҳои беморхона бистарӣ гардида, тариқи ройгон табобат гирифтанд. Дар умум ба 22 нафар сари вақт хизмати тиббӣ расонида шуд”.
Раисони ҷамоатҳои деҳоти зарардидаи шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки фарзандони оилаҳои зарардида сари вақт бо либосҳои мактабӣ таъмин шуда, дар айни замон ба дарс фаро гирифта шудаанд. Пулҳои ҳудуди ҷамоатҳои мазкур пурра хароб шудаанд, аз ин рӯ барои рафту омади сокинон пулҳои муваққатӣ ташкил шудаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувва баҳри сари вақт бартарафсозии офати табиӣ, тоза намудани хонаҳои сокинон аз лою хок ва таъмини зарардидаҳо бо хӯроки гарму шароити хуб равона шудааст. Ҳамарӯза аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр одамони зиёде барои тоза намудани хонаҳои зарардидагони офати табиӣ омада истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28 август дар ҳудуди ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат ба вуқуъ пайвастанд, ки дар натиҷа дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат селу ярч фаромада, ба хоҷагиҳои зиёда аз 20 деҳа зарари ҷиддӣ расид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид






