«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Бахши якуми озмун барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 сентябр дар шаҳри Ҳисор бахши якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин занони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун- тақвият бахшидани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.
Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи се бахш гузаронида мешавад:
-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолият доранд;
-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд;
-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.
Озмун аз рӯи бахшҳо аз моҳи май оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2023 ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муайяну қадршиносӣ мешаванд.
Дар озмун занон-хизматчиёни давлатӣ, новобаста аз синн тибқи талаботи Низомнома иштирок намуда метавонанд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ шудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 гузаронида мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






