«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Бахши якуми озмун барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мешавад

Сентябрь 19, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 сентябр дар шаҳри Ҳисор бахши якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»  ҷиҳати муайян намудани беҳтарин занони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун- тақвият бахшидани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.

Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи се бахш гузаронида мешавад:

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолият доранд;

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд;

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.

Озмун аз рӯи бахшҳо аз моҳи май оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2023 ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муайяну қадршиносӣ мешаванд.

Дар озмун занон-хизматчиёни давлатӣ, новобаста аз синн тибқи талаботи Низомнома иштирок намуда метавонанд.

Озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ шудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 гузаронида мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад