Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи авиатсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи тоҷик дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарият ва кормандону мутахассисони воҳидҳои авиатсионии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳайати кормандони идораҳои авиатсионии ҷумҳуриро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи тоҷик табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно намуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар маросими тантанавӣ ба бархе аз кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла «Медали хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, онҳоро аз номи Сарвари давлат табрик намуд.
Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии Тоҷикистон рушду такомул намуда, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фурудгоҳи муосири дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву замонавӣ мубаддал гардид. Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии ҷумҳурӣ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминалҳои нави муосир барои мусофирон, ҳамлу нақли бор, толори қабули меҳмонони расмӣ, инчунин манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ ба истифода дода шуданд. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи авиатсияи гражданиро дастгирӣ менамояд. Инчунин дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷуғрофияи парвозҳо фарох гардида, алҳол аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ парвозҳо анҷом дода мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






