Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд

Сентябрь 23, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ- омили рушди истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир» машварат доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ба низом даровардани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ асосан тибқи санадҳои меъёрӣ — техникӣ ба роҳ монда мешавад. .Агентии «Тоҷикстандарт» барои таъмини ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ ба корхонаҳои ватанӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ин омили муҳим ба корхонаҳо имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифати рақобатпазир истеҳсол намоянд ва дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат низ саҳм гузоранд.

Мутахассисон бо маъруза ва рӯнамо баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Сентябрь 23, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид