Дар Анталия машғулияти омӯзишӣ барои намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 11.09.2023./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Анталияи Туркия машғулияти омӯзшӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода аз шаҳри Анталияи Туркия.
Зимни ифтитоҳи машғулият муовини Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барои ба таври пурра роҳандозӣ намудани тамоми иқтидор, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ, омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина рақобатпазир будани онҳо дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Таъкид гардид, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷону сайёҳон дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба мамлакат, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон ҳамасола соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бештар такмил меёбад.
Ёдовар мешавем, ки машғулият аз 11 то 17 сентябр идома меёбад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
Душанбе- Анталия,
АКС: АМИТ «Ховар»










«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






