Дар Ашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз шуд

Сентябрь 21, 2023 09:43

ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 ва 2009-2011 (писарон ва духтарон) 20 сентябр дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Дар мусобиқа Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва шахсони масъули ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози мусобиқа вобаста ба фароҳам овардани  шароити мусоид барои варзишгарон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан гуфта шуд.

Дар мусобиқаи гӯштини тарзи озод дастаҳо аз шаҳри Душанбе, Кӯлоб,  Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Хуҷанд, вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Ашт бо фарогирии зиёда аз 380 нафар варзишгар иштирок доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

 

Сентябрь 21, 2023 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад