Дар Ашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 ва 2009-2011 (писарон ва духтарон) 20 сентябр дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Дар мусобиқа Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва шахсони масъули ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози мусобиқа вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта шуд.
Дар мусобиқаи гӯштини тарзи озод дастаҳо аз шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Хуҷанд, вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Ашт бо фарогирии зиёда аз 380 нафар варзишгар иштирок доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






