Дар Бохтар шуъбаи нави «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид

Сентябрь 12, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони филиали №42 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соҳиби бинои хуштарҳ гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бинои тозатаҷдиди филиали №42-и «Амонатбонк», воқеъ дар шаҳри Бохтар ба таври замонавӣ бунёд гардида, дар он барои 60 нафар кормандон, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст. Бинои филиали «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз 3 ошёна, қариб 40 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгузаронӣ, ошхона, анбор ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту воситаҳои замонавии технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Филиали №42 «Амонатбонк» ба 14 шаҳру ноҳияи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар корҳои идоравӣ ва хизматрасонии молиявӣ пешниҳод менамояд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Сентябрь 12, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст