Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ синфхонаи лингофонӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ синфхонаи лингофонӣ таъсис дода мешавад. Таъсиси ин синфхона зимни вохӯрии ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвақтзода бо устодону кормандони факултети филологияи рус баррасӣ шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва зарур аст дар заминаи факултет синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ ташкил шавад. Гуфта шуд, ки таъсиси ихтисоси русӣ-англисӣ дар факултет баҳри амалӣ гардидани иқдоми мазкур саривақтӣ мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро муҳим арзёбӣ намуд.
Ректори донишгоҳ баҳри беҳтар намудани самтҳои гуногуни фаъолияти факултет, аз ҷумла самтҳои илм, таълим, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ба аҳли факултет дастурҳои мушаххас дод.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






