Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

Сентябрь 22, 2023 13:57

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи ҳаштуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон- макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад.

Дар кори Шуро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати  дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ рӯз ба рӯз ба мамлакати мо бештар мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 181 ҳазору 876 нафар ва ё 40,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 487 ҳазору 403 нафар тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 32 фоиз зиёд мебошад.


Иттилоъ дода шуд, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар амал татбиқ шуда истодааст.

Дар хотимаи ҷаласаи Шуро аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди устувори бахши сайёҳӣ, иҷрои босифати «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои солҳои 2023-2026», омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронӣ, хуусан рушди сайёҳии дохилӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

Сентябрь 22, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад