Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории намояндагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои якҷоя амалишаванда дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова, директори генералии корпоратсияи «Роскосмос» Ю. Борисов, директори департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил И. Нематов, ҷонишини Вазири саноати вазнини Ҷумҳурии Арманистон А.Погосян, сардори Раёсати Академияи миллии илмҳои Белорус В.Гусаков иштирок намуданд.
Ҷаласа то 22 сентябр идома дошта, дар он масъалаҳои зерин: интихоб намудани Раиси Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон; татбиқи қарорҳои ҷаласаи сеюми Шурои байнидавлатӣ; баррасии лоиҳаи ҳамкории байнидавлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешниҳоду истифодаи маҳсулоти кайҳонӣ то давраи соли 2030; оид ба стандартикунонии фаъолият дар соҳаи зондикунонии Замин баррасӣ мегарданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






