Дар Душанбе масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Сентябрь 20, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндаи Вазорати адлияи Узбекистон, инчунин роҳбарон ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, — хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории конференсияи байналмилалӣ.

Пас аз суханони ифтитоҳии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кори конференсия дар шакли ҷаласаҳои алоҳида идома ёфт.

Дар ҷаласаи якум масъалаҳои ҳамгироии байниидоравӣ ва мувофиқати низомҳои электронӣ баррасӣ шуданд. Эътироф гардид, ки набудани ҳамгироӣ бо дигар низомҳои электроние, ки дар доираи онҳо асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабт мешаванд, яке аз мушкилоти асосии рушди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ҳамин дар ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаи рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ба беҳтар намудани банақшагирӣ ва таҳияи буҷет мусоидат менамояд. Инчунин ба шарофати дастгирии ҳамгироии низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дигар низомҳои электронӣ ба ҳукумати электронӣ заминаи зарурӣ гузошта мешавад.

Иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ дар ҷаласаи дуюм вобаста ба амалисозии хизматрасонии давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» мулоҳизаҳо пешниҳод намуданд. Иштирокдорон ҳамчунин оид ба мутобиқ будани сохтори мавҷудаи Вазорати адлия барои ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ, таъсис додани марказҳои пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, интернет-портали ҳукумати электронӣ, рақами миллии беназири ягона ва дигар масъалаҳои мавзуӣ муҳокимаронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки Вазорати адлия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ мебошад.

А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид