Дар Хоруғ ғолибони даври вилоятии Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» муайян гардиданд
ХОРУҒ 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври сеюми Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ба роҳ монда шуд ва даври шаҳриву ноҳиявии ин озмун ҷамъбаст гардид.
Зебоии шаҳр, қабл аз ҳама, аз хонаи истиқоматии мо, ҳавлӣ ва кӯчаи мо шуруъ мешавад.Талаботи асосии озмун дар номинатсияи хонаи беҳтарин- намои берунӣ ва дохилит хонаи истиқоматӣ, тозагии атрофи он, истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ, истифодаи нақшу нигори миллӣ ва иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ мебошад.
Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз навору аксҳо аз натиҷаи даври шаҳрию ноҳиявии озмун ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилоят гузориш дода, баён доштанд, ки пас аз ба тасдиқи қарори раиси вилоят доир ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳо ҳайати тадорукотии озмун таъсис ёфт. Ба ҳайати ҳакамон беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардиданд ва онҳо ба ҳар номинатсия баҳои холисонаву беғаразона дода, дар муҳлати муайянгардида беҳтарин хонаи истиқоматӣ, шаҳраку деҳот, маҳалла ва ноҳияву шаҳрро муайян намуданд.
Аъзои комиссияи даври вилоятӣ бори дигар аксу наворҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибони озмуни даври вилоятиро муайян ва онҳоро бо мукофоти пулӣ сарфароз гардониданд.
Ҳоло ғолибони даври вилоятӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






